Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон сохтмони беш аз 20 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст ва кор дар чортои он оғоз шудааст.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Левакант Давлатзода Сайфиддин иттилоъ дод, ки аз чор бинои баландошёнаи истиқоматие, ки ҳоло сохтмонаш давом дорад, сетоаш дар маркази ноҳия ва яктоаш дар ҷамоати деҳоти Гулистон мебошад.
Ӯ гуфт, дар шаҳр то имрӯз бинои чорошёна мавҷуд буд, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматии 5 то 15-ошёна ба нақша гирифтаанд ва марҳила ба марҳила сохта мешаванд.
Қайд гардид, ки дар шаҳри Левакант Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар беш аз 70 бинову иншооти таъйиноти гуногун бо харҷи 398 миллиону 827 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз бештари онҳо сохта ба истифода дода шудааст.