Дар рӯзи авали даъвати тирамоҳӣ беш аз 30 ҷавони  шаҳри Леваканд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, бо иштироки раиси шаҳри Леваканд Файзиддинзода Бунафша, комиссар ва кормандони комиссарияти ҳарбии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, падару модарон ва ҷавонон дар назди бинои Қасри фарҳанги шаҳр, чорабинии тантанавӣ “Рӯзи даъватшаванда”, бо гусели беш аз 30 ҷавони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ раиси шаҳр Файзиддинзода Бунафша тамоми ҷавононе, ки ихтиёран барои хизмати Ватан ба комиссарияти ҳарбии шаҳр омадаанд, инчунин ба падару модари онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Сипас, ҳамаи ҷавонони даъватшаванда бо тақдими шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки чанде пеш курсҳои кутоҳмуддати ронандагиро бо дастгирии Мақомоти иҷроия дар КШТММ хатм намуда буданд ва бо дипломҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҷониби раиси шаҳр ҳавасманд гардонида шуданд.

Инчунин, падарону модарони куҳансоли шаҳр дар маросими гусели наваскарон аз Мақомоти иҷроия барои дастгириҳои ҷавонон ва аҳли хонаводаи онҳо изҳори сипос намуда, ба ҷавонон хизмати содиқонаву софдилона ба халқу ватанро орзу намуданд.

Ҳамзамон, маросими анъанавииноншикании наваскарон сурат гирифта, машқҳои ҳарбӣ ватандӯстӣ ва барномаи рангини бахши фарҳанги шаҳр тақдим гардид. Дар саҳни Комиссарияти ҳарбии шаҳр барои наваскарон ва падару модаронашон дастурхони идона ороста шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here