28-уми майи соли ҷорӣ дар вебсати farazh.tj дар бораи фаъолият накардани  ягона чароғаки раҳнамои шаҳри Леваканди вилояти Хатлон матлабе нашр шуда буд.

Дар он гуфта мешуд, ки чанде аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон бо изҳори ташвиш мегӯянд, ки моҳҳо боз ягона чароғаки раҳнамои шаҳр кор намекунад.

Баъди нашри ин матлаб масъулони шаҳри Леваканд даст ба кор шуда, дар мӯҳлати кӯтоҳ ягона чароғаки роҳнамои ин шаҳрро,ки  аз кор боз монда буду  нигаронии зиёди ронандагону пиёдагардонро ба бор оварда буд, дубора фаъол карданд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here