Дар шаҳри Душанбе сари ҳар қадам лавҳҳои таблиғӣ ба чашм мехӯранд, ки бархе ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва дигар талаботи меъёр мувофиқат намекунанд.

Тавре Юсуфҷон Бобоев, сармутаххасиси шуъбаи хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, зимни суҳбат гуфт, дар соли 2019 зиёда аз 50 субеъектро барои ба расмият даровардани рекламаашон ба муасисиаи давлатии “Рекламаи беруна” сафарбар кардаанд, ки мувофиқи талаботи муқарраргардида шартнома банданд ва лавҳҳоро бе иҷозат паҳн накунанд.

– Агар ҳаҷми лавҳи таблиғӣ аз 1 метри мураббаъ зиёд бошад,  тибқи қонунгузории ҶТ дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ, пардохти ҳатмӣ пешбинӣ мешавад, ки ба будҷети маҳал меравад. Вобаста ба навъ ва ҳаҷми релама коэффисенти пасткунандаву зиёдкунанадаи пардохт муқаррар гардидааст, ки дар шартнома боз мусаффалтар оварда мешавад, – мегӯяд мутаххасис.

Дар робита ба ҷаримабандӣ ва назорати рекламаҳои беруна сармутахассиси шуъбаи хадамоти зиддинҳисорӣ тазаккур дод, ки Кумитаи забон ҳангоми ба расмият даровардани реклама онро аз назар мегузаронад ва вақте МД “Рекламаи беруна” б ешартнома паҳн шудани онро ба хадамот мерасонад, нисбат ба рекламадиҳандагон чораҳои зарурӣ андешида шуда, тибқи Кодекси ҳукувайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ карда мешавад.

 

реклама, ҷарима, хадамоти зиддиинҳисорӣ, кумитаи забон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь