Internews аз 25 то 27-уми феврали соли 2019 дуввумин лабораторияи инноватсионии минтақавиро зери унвони «STORYCRAFT – Innovate. Play. Engage» баргузор мекунад.  Чорабинии мазкур барои рушди ҳамкории минтақавӣ ва таҳияи муштараки маводи расонаӣ – инноватсионӣ, ки    ба муқовимат бо ифротгароии хушунатомез (МИХ) равона шудаанд, мусоидат мекунад. 

Дар давоми Лаборатория даҳ даста иштирок хоҳанд кард, ки онҳо  иборат аз панҷоҳ мутахассиси  ВАО, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутахассисони IT, коршиносон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз кишварҳои мухталифи Осиёи Миёна хоҳанд буд. Иштирокчиён дар давоми чорабини бо мусоидати мутахассисони баландихтисоси ВАО,  имкони такмили муштараки лоиҳаҳои худро пайдо мекунанд. Ҳар як даста аз панҷ мутахассис аз соҳаҳои гуногун иборат хоҳад буд, ки барои пурзӯр намудани ғояҳои лоиҳа донишу таҷрибаи соҳавии худро истифода намуда, кӯшиш хоҳанд кард.

Лаборатория инчунин ба иштирокчиён имконияти васеъ намудани дониши худ дар соҳаи МИХ-ро фароҳам меорад,   ки барои таҳияи лоиҳаи инноватсионӣ ва мувофиқ, мусоидат мекунад. Дар фарҷоми чорабини ҳакамони мустақил то шаш беҳтарин лоиҳаи расонаӣ ¬инноватсиониро интихоб мекунад, ки дар оянда ба онҳо барои татбиқи лоиҳаҳои мазкур, то 14 ҳазор евро грант дода мешавад.

Лабораторияи инноватсионии минтақавӣ  пойгоҳест, ки ба мутахассисони  соҳаҳои мухталифи   кишварҳои Осиёи Миёна  имконияти таҳия ва эҷоди  маводи касбиро фароҳам оварда, истифодаи воситаҳои навро барои пешниҳоди иттилоот ва малакаҳои зарурӣ барои пешбурд ва нигоҳ доштани меъёрҳои баланди касбӣ дар мавзӯи МИХ дар минтақаро меомӯзонад.  Илова бар ин, дар чорабинӣ, иштирокчиён бо таҷрибаҳаи ҳамдигар шинос мешаванд, ҳамақидаҳову дӯстони навро пайдо мекунанд, ки баҳри ҳамкориҳои минтақавии коршиносони ВАО, коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ мусоидат мекунад.

Дуюмин Лабораторияи инноватсионии минтақавӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ  шуда,  аз ҷониби Internews амалӣ мегардад. Дар доираи лоиҳа диққати асоси ба кор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ равона  шуда, барои пешгирии ифродгароии хушунатбор  дар Осиёи Марказӣ ба воситаи тавонмандӣ ва таъмини имкониятҳо барои журналистон, фаъолони ҷомеаъи шаҳрвандӣ, ва коршиносони расонаӣ мусоидат мекунад.

Таҳияи маводи расонаии  босифат, ва баланд бардоштани сатҳи истифода ва бардошти  расонаии оммавӣ  аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тасмимгирандаҳо ва шаҳрвандони оддӣ як аз ҳадафҳои дигари лоиҳа маҳсуб меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь