Як марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе даст ба ваҳшонияти гӯшношуднид зада, ба модари худ бо корд ҳуҷум карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.
Номбурда, 29-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 19:20, ҳангоми мастӣ дар хонаи истиқоматии худ модараш муноқиша кардааст. Дар арфти даъвои оилавӣ ин мард ваҳшиёна бо модараш, зани 62-сола, бо корди ошхона ҳучум карда, як маротиба ба шикам ва як маротибаи дигар ба гардани ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.