7-уми апрели соли 2022 аз ишғоли ноҳияи Калбаҷари Озарбойҷон 30 сол сипарӣ шуд. Соле қабл аз истилои Калбаҷар, нерӯҳои мусаллаҳи арманӣ куштори бесобиқае дар Ағдабон ба амал оварданд, ки яке аз хунинтарин саҳифаҳои таърихи таҷовузи Арманистон алайҳи Озарбойҷон мебошад.
Шаби аз 7 ба 8 апрели соли 1992 ҳангоми ишғоли Калбаҷар дастаҳои мусаллаҳи арманӣ сокинони деҳаи Ағдабонро ба доми марг гирифтор намуданд. Онҳо ба тариқи оташи сӯзон 130 хонаи маҳаллаҳои аҳолинишинро ба хокистар мубаддал гардонда, 779 нафар сокинонро ба азобу шиканҷаи тоқатфарсо гирифтор намуданд, 67 нафарро ба қатл расонданд. Экстремистони арманӣ 8 пирмарди аз 90 то 100-сола, 2 кӯдак ва 7 занро зинда сӯзонданд, 12 нафарро сахт маҷрӯҳ намуданд, сарнавишти 2 нафар то ҳол маълум нест. Ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангиро вайрон гардонда, ибодатгоҳҳои муқаддас ва қабристонҳо таҳқир ва несту нобуд сохтанд. Ҳамчун ба идомаи сиёсати вандалистӣ ҷудоихоҳони арманӣ алайҳи мероси фарҳангии Озарбойҷон дастнависҳои устоди бузурги назми классикии Озарбойҷон Ошуғ Қурбон ва писараш Ошуғ Шамшерро оташ заданд.
Бояд гуфт, ки далели ин аъмоли даҳшатнокро имрӯз ҳам ҷаҳониён мушоҳида мекунанд, зеро дар заминҳои озодшуда аз ишғоли арманиҳо мазорҳои дастаҷамъии озарбойҷониҳое бегуноҳ, қурбониёни ҷиноятҳои ҳарбии арманиҳо дар ҷанги Якуми Қарабоғ ошкор шудаанд.
Аз рӯи хусусияти ҷиноят ва дар амал татбиқ намудани он Хунрезии Ағдабон пурра ба талаби Созишнома “Дар бораи пешгири ва муҷозоти наслкушӣ”, ки 9-декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул шуда буд, мувофиқат мекунад, ва ин куштори оммавие, ки арманиҳои мусаллаҳ бар зидди аҳолии осоиштаи деҳаи Ағдабон анҷом доданд, бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун наслкушӣ эътироф шавад.
Бояд тазаккур дод, ки фоҷиаи Ағдабон ба таърихи башар ҳамчун яке аз ҷиноятҳои хунинтарини садаи ХХ дохил шуд. Пешвои умумимиллии мардуми Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, аввалин шахсе буд, ки ба ин ҷиноят арзиши ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дода, фоҷеаи Ағдабонро бузургтарин ҷиноят алайҳи башарият ва шармандагии тамоми башарият хонд.
Сарфи назар аз талаботи Созишномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид «Дар бораи пешгирӣ ва муҷозоти ҷинояти наслкушӣ» (аз 9 декабри 1948), ҷиноятҳои зидди башарият дар Ағдабон баҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҳануз нагирифтааст.
2-апрели соли 2014 дар чорабинӣ ба хотири 21-умин солгарди ишғоли ноҳияи Калбаҷар, намояндагони ин ноҳияи Озарбойҷон ба Шӯрои амниятии Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиатнома дар бораи фоҷиаи Калбаҷар равон карданд. Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки ҷиноятҳои 8 апрели соли 1992 дар деҳаҳои Ағдабон ва Чайговушони вилояти Калбаҷар ва апрели соли 1993 дар деҳаи Башлибел, ки аз тарафи артиши Арманистон сурат гирифта буд, амали навбатии наслкушӣ алайҳи мардуми Озарбойҷон аст.
Бо гузашти 28 сол, интиқоми тамоми шаҳидони Озарбойҷон, аз ҷумла мардуми осоиштаи Ағдабон тавассути артиши Озарбойҷон таҳти сарварии Президент, Сарфармондеҳи Олӣ Илҳом Алиев тариқи Ғалабаи Бузургу муқаддаси Ватанӣ гирифта шуд. Вилояти Калбаҷар 25 ноябри соли 2020 аз ишғоли душман озод гардид.
Имрӯз заминҳои аз асорати дуру дароз озодшудаи Қарабоғ соҳибони ҳақиқии худро ба оғуш гирифт. Бо меҳру муҳаббати беандоза онҳо шаҳру деҳотеро, ки таҷовузкорон ба харобазорҳо табдил дода буданд, обод мекунанд, лоиҳаҳои азими иҷтимоию иқтисоди ва инфрасохториро ба амал меоваранд, ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, фарҳангӣ — ҳамаи он чиро, ки давоми солҳои истило ғорат ва вайрон карда буданд, барқарор менамоянд. Онҳое, ки сӣ сол пеш аз сарзамини падарону бобоёнашон ваҳшиёна ронда шуда, зери бори “муҳоҷири иҷборӣ” зиндагӣ мекарданд, аллакай ба хонаҳои худ бармегарданд ва боз хоҳанд омад. Имрӯзҳо ба сарзамини бостонии Қарабоғ ва Зангезури Шарқӣ мусиқию назм, азони муқаддас ва садои фараҳбахши кӯдакон бармегардад. Имрӯз ҳаёт дубора ба ин сарзамин бозгаштааст.
Озарбойҷон аз ҳамаи аскарон ва афсарони диловари худ, аз ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дареғ надошта, барои Ватан хуни худро рехтаанд, миннатдор мебошад.
Ҳамаи онҳо ба хона, ба назди падару модар, зану фарзандонашон барнагаштанд, вале хотираи дурахшони онҳо дар қалби халқи Озарбойҷон то абад боқӣ хоҳад монд.
Халқе, ки аз душман интиқом гирифт, ба тамоми ҷаҳон исбот намуд, ки Қарабоғ Озарбойҷон аст!