Як мард дар шимоли Тоҷикистон дар дохили таксӣ бо ҳамсараш даъво карда, ӯро дар ҳамон чанд маротиба бо корд задааст, ки сабаби ба ҳалокат расидани зан шудааст.

Кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Навободи шаҳри Истаравшанро, ки пеш бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд.

Номбурда, рӯзи 5-уми августи соли 2019, тахминан соати 18:30, бо ҳамсараш, зани 25-сола даъво кардааст. Гуфта мешавад, мард ба зан, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) муноқиша карда, аз сари рашк бо корд 10 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь