Ду фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштич ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудаанд. Ҳодисаро муовини раиси ноҳияи Деваштич Комилзода тасдиқ кард, аммо гуфт, дар ин бора маълумоти бештар надорад. Раиси Идораи замини ноҳияи Деваштич Шаҳбоз Мақсудов ба зангҳои пай дар пайи мо ҷавоб надод. Телефонаш хомӯш буд.

Мӯниса Фозилова дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, кушташудагон Вориса Фозилова хоҳар ва Умеда Зокирова зани додараш мешаванд. Онҳо сокинони деҳаи Ғазантараки ҷамоати деҳоти Ғазантарак буданд. Ҳарду 3 сол инҷониб дар Идораи замини ноҳияи Деваштич, ба ҳайси фаррош, кор мекарданд.

– Аз сабабе, ки кормандони идора рӯзҳои шанбе то дервақт кор мекунанд, фаррошон рӯзи якшанбе барои тоза кардани утоқҳои корӣ мераванд. Ҳодиса рӯзи якшанбеи 17-уми июл рух дод. То ҳануз сабабҳои ҳодисаро намедонем. Ин ду нафар шахсони одӣ ва беозор буданд. Музди ночиз мегирифтанд ва меҳнати ҳалол мекарданд. Як рӯз қабл дар идораи замин камтар сӯхтор шуда будааст. Фаррошҳо барои тоза кардани оқибати оташсӯзӣ рафта буданд. Хоҳарам 56-сола ва келин 45 сол доштанд. Аз хоҳарам Вориса 1 писар ва аз зани додарам Умеда 3 духтари ноболиғ ятим монданд, – гуфт Фозилова.

Мавсуф ба суоли он ки захми кордҳоро кӣ ва чӣ гуна муайян кард, гуфт: “як келинамон духтур аст, вақти шӯстани бадани майитҳо ҳамааш маълум шуд. Пайи кордҳоро ҳисоб кардем, яке 13 ва дигаре 11 захми корд дошт, ки хеле амиқ буданд”.

Мақомоти милиса дар ноҳияи Деваштич, бо сабаби дар тафтишот қарор доштани парванда, дар бораи куштор ҷузъиёт намедиҳанд. Муовини ШВКД дар ноҳияи Деваштич Абдулов гуфт, “бе иҷозати роҳбарияти Раёсат ягон хел маълумот намедиҳем.”

Тибқи маълумот, корманди Идораи замини ноҳияи Деваштич Сабоҳиддин Мунавварзода бо гумони даст доштан дар куштор боздошт шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here