Дар яке аз боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе даъвои ҷавонон бо куштор анҷомид. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки ҷавон аз зарбаҳои мушт ба ҳалокат расидааст.
Зимни баргузор кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 22 ва 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 21:50, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Мироненко», воқеъ дар кӯчаи Маяковскии пойтахт, бо ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр даъво карда, яке аз онҳо ба сару рӯи ҷавони 25-сола зарбаҳо задааст, ки дар натиҷа ӯ ба замин афтода, ҳангоми дастрас кардан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ