Масъулини Кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии “Беҳбудӣ”-и ноҳияи Кушониён мегӯянд, ки бо ворид шудани хатти истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот ба корхона, акнун омодаанд, ки  то 700 тонна меваи хушкро мувофиқи стандарти байналмиллалӣ пешкаши мизоҷон гардонанд.

Айни замон  кооперативи мазкур бо фирмаи “Исфара-фуд”-и вилояти Суғд шартномаи ҳамкорӣ дошта, ният доранд, ки ба миқдори 400 тонна зардолуи хушкро ирсол намояд. Дар ин бора 13-уми июн зимни боздиди як гурӯҳ намояндагони ВАО аз  кооперативи номбурда, муассиси он Раҳматулло Саъдуллоев  иттилоъ дод.

“Хати коркарди меваю сабзавот аз дастгоҳҳои шӯстушӯи мева, ба ҳаҷм ҷудокунӣ, бӯғкунӣ, донакҷудокунанда, хушккунӣ, гулчин ва донакшиканӣ иборат аст. Ин таҷҳизот соли 2021 бо маблағгузории шарикони рушд дар доираи амалишавии Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар надамудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон харидорӣ шудааст, ки  корро дар самти омода намудани ғулинг ба маротиб осон кардааст.  Аз ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Ваҳдат дархост шудааст, чунки дар ин ноҳияҳо мева моҳҳои октябр-ноябр пухта зери барф мемонад. Аз ин рӯ, мо ният дорем, ки дар тирамоҳ низ коркарди меваро идома диҳем” – мегӯяд Раҳматулло Саъдуллоев.

Масъулини  “Беҳбудӣ” гуфтанд, ки соҳибкорони  вилояти Челябински Русия низ хоҳиши хариди зардолуи хушки ин минтақаро доранд ва дар сурати мувофиқа,  омодаанд содироти онро ба роҳ монанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here