Варзишгарони ноҳияи Кӯшониён дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 91 медал ба даст оварданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 медал зиёд аст.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Шукрона Маҳмадализода

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Шукрона Маҳмадализода иттилоъ дод, ки варзишгарони ноҳия дар 13 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ фаъолона  иштирок  карда, сазоворӣ 48 медали тилло, 30 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ шуданд.

– Дар ноҳияи Кӯшониён соҳаи варзиш солҳои охир бо маротиб рушд ёфта, баҳри ҷалби бештари ҷавонон ба ин соҳа дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии кишвар то имрӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 11 майдончаи варзишӣ ва ду толори варзишӣ бунёд карда шудаст, ки ҳамарӯза ҷавонон дар онҳо ба машқу тамрин машғуланд, – илова кард мудир.

Қайд карда шуд, ки  то ин санаи таърихӣ боз дар ноҳия бунёди се майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён, МИМҲД-и ноҳия дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо ҳама талошҳои худро баҳри боз ҳам рушд кардани соҳаи варзиш ва муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷавонон равона карда, миёни онҳо суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор мекунанд, – илова кард Ш. Маҳмадализода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here