Дар Кушониён то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 252 биною иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки дар соли 2022-юм беш аз 26 адади он сохта ба истифода дода шуданд.

Вализода Икромиддин, раиси ноҳияи мазкур, дар нишасти хабарӣ гуфт,  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтан ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар  умуми бунёд ва таъмиру тармими 252 биною иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он дар соли 2022-юм 22 адад, дар соли 2023-юм 56 биною иншоот, дар соли 2024-ум 57 адад, дар соли 2025-ум 55 адад ва дар соли 2026 бошад 62 адад мебошад.

Раис гуфт, аз шумораи иншооти ба накқша гирифташуда, дар соли сипаригашта аз 22 адад иншооти ба истифода шаванда 26 адади он мавриди истифодабарӣ қарор гирифт, ки 118,1 фоизи нақшаи соли 2022-ро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар доираи “Солҳои 2022-2026 – солхои рушди саноат”  бо ҷалби сохибкорон иктидории корхонаҳои мавҷударо бо ворид намудани техника ва технологияҳои ҳозиразамон баланд бардошта, ҳамзамон дар худуди ноҳия бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ як катор корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолии саноатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here