Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин гуфт, то ҷашни 35-солагии истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Кӯшониён бунёди 252 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуданд.

Аз ин шумора 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 3 мактаб, 67 синфхонаи иловагӣ, 18 маркази саломатӣ, 18 бунгоҳи тиббӣ, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ду дорухона, ду майдончаи варзишӣ ва 85 бинову иншооти дигар буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо садҳо нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Инчунин дар 6 мактабу чор кӯдакистон таъмири асосӣ, чароғонкунии 4 ҳазору 200 метр кӯча, таъмири 32 километр роҳу се пули мошингузар ва насби 11 трансформатор ба нақша гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар арафаи ҷашни 31-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳия 5 иншооти дигар ба истифода дода мешаванд. То ин дам 19 адад сохта ба истифода дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь