Дар ноҳияи Кӯшониён вилояти Хатлон соли 2021-ум корхонаҳои саноатӣ бо харҷи бештар аз 342 миллиону 380 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2020-ум наздики 64 миллион сомонӣ зиёда мебошад.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин зимни сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки ҳоло дар ноҳия 40 корхонаи истеҳсолии саноатӣ ва 2 корхонаи саноатии хизматрасонӣ фаъолият мекунанд.
– Корхонаҳои саноатии ноҳия соли гузашта фаъолияташонро хуб ба роҳ монда, нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатро 123 дарсад таъмин карданд, – илова кард раиси ноҳия.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ду корхонаи саноатӣ – ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии ганҷ» ва ҶДММ “Равғани озодӣ” ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳарду сохта ба истифода дода шуданд.
Қайд карда шуд, ки ҳамчунин дар ин давра 4 корхонаи истеҳсолии ғайринақшавӣ, ҶДММ “Бегмурод М”, ҶДММ “Протон” ҶДММ “Фаррухи Орзу” ва ҶДММ “Ҳайдар Одинаев” ба нақша гирифта шуда буданд, ки онҳо низ сохта ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб садҳо нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Вализода Икромиддин афзуд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд».
Роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён ҳама талошҳои худро баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлат равона карда, ният доранд, ки шумораи корхонаҳои саноатиро дар ноҳия бо маротиб афзоиш диҳад ва аз ин ҳисоб сатҳи бекориро дар ноҳия коҳиш диҳанд.