Дар арафаи соли нави таҳсил раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин аз номи роҳбари давлат ба 10 нафар ятими кулли ноҳия сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тӯҳфа кард.

Аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат бобати дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста нисбати ятимони кулл ва оилаҳои эҳтиёҷманд, амалӣ карда шуд.

Раиси ноҳия зимни суҳбат бо кӯдакону наздикони онҳо таъкид кард, ки онҳо зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои  миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, баҳри хушбахтона ва арзанда зиндагони намудани онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯдакон ва наздикони онҳо миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат баён намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баҳри ободонӣ ва шукуфоии меҳани хеш  камари ҳиммат мебанданд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳо ҳамеша аз ҷониби роҳбарият ноҳияи Кӯшониён амалӣ карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь