Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин аз рафти сохтмонии бинои нави МТМУ-и рақами 70, дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа дидан кард.

Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Кӯшониён хабар дод, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишварва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ноҳия аз рафти сохтмони бинои нави муассисаи таълимии рақами 70 дидан карданд. Гуфта шуд, ки иншооти таълимии мазкур бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд бунёд мегардад.

– Иншоот аз 12 синфхона барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст ва туҳфаи арзанда ба сокинони ин маҳал мебошад. Ҷиҳати бо сифат ва тибқи нақша ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, роҳбарияти ноҳия ба масъулин ва сохтмончиён супоришҳои мушаххас дод, – гуфтанд аз дафтари матбуотии ноҳия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь