Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон 100 дарсад ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода шудаст.
Сардори Муассисаи мазкур Ҷовид Ҳакимзода иттилоъ дод, ки барои зимистонгузаронӣ дар анбори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 290 куб маводи зиддӣ лағжиш, 1500 литр сӯишвории дизелӣ, 13 тонна намаки техникӣ, як тонна ангишт ва 5 куб ҳезум захира карда шудааст.
Ӯ гуфт, барои коргарон 16 ҷуфт сарулибос харидорӣ ва ҷойи истироҳати кормандон пурра омода буда, 5 техникаи роҳдорӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Гуфта шуд, ки дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён дар умуми 230 клометр роҳ мавҷуд аст, ки аз он маҳалӣ 178 км ҷумҳуриявӣ 17,9 км ва байналмилалӣ 34 км мебошад.