Аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар аз аввали соли ҷорӣ то ин дам ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон ва дигар қишри эҳтиёҷманди ноҳия беш аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонида шудааст.

Аз ҳукумати ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки ғамхорӣ ба маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд дар мадди назари ҳамешагии роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён қарор дошта, танҳо дар арафаи иди Рамазон ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон, барҷомондагон ва дигар қишри эҳтиёҷманди ноҳия бо харҷи бештар аз 1 миллиону 627 ҳазор  сомонӣ кӯмак карда шудааст.

– Дар умум аз аввали соли ҷорӣ то ин дам аз ҷониби ҳукумати ноҳия Кӯшониён, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳ  ба чунин ашхос 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.

Чунин иқдоми хайрхоҳона аз ҷониби роҳбарияти ноҳия, шахсони саховатпешаву накӯкору хайрхоҳ дар ноҳияи Кӯшониён зиёд шуда, дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь