Давоми соли 2022-юм ва 2 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кушониён 2 ҳазору 260 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Таъмини сокинон бо ҷойи  нисбат ба солҳои пеш 600 нафар зиёд аст.

Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кушониён Комил Муҳсиддинов иттилоъ дод, ки соли 2022 ба раёсат 2996 нафар муроҷиат карданд, ки  аз онҳо ба 2788 нафарашон мақоми бекорӣ дода шуда, 1932 нафарашон бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

– Дар ин сол 329 нафари дигар ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, ба 251 нафар кумакпулӣ дар ҳаҷми 425 ҳазору 397 сомонӣ дода шудаст, – илвова кард ӯ.

Ба гуфти номбурда, дар ду моҳи соли ҷорӣ ба ин раёсат 362 кас муроҷиат карда, 328 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь