Дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшонёни сохтмони фермаи парандапарварӣ ва фермаи парвариши чорвои калони шохдор идома дорад.
Дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур сохтмони фермаи парвариши паранда барои гӯшт, ки барои 30 ҳазор сар парранда пешбинӣ шудааст идома дорад. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Кӯшониён хабар доданд.
Гуфта шуд, ки иншооти мазкур, дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ барои парвариши паранда барои гушт муҷҷаҳаз карда мешавад.
Баъд аз пурра ба фаъолият шуруъ гардидани он, сокинони ноҳия ва минтақа бо гӯшти босифати паранда таъмин карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин сохтмони фермаи парвариши чорвои калони шохдор барои 600 сар дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия идома дорад.
Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо маром идома доранд. Баъд аз корҳои сохтмонӣ беш 600 сар чорвои калони зотӣ харидорӣ гардида, ҳамзамон бо таҷҳизотҳои муосири парвариши чорво таъмин карда мешавад.
Инчунин барои кормандони фермаи мазкур, сохтмони хобгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон дар назар аст.
Раиси ноҳияи Кӯшониён дирӯз аз рафти сохтмони ин иншоот дидан карда, барои суръат додани корҳои сохтмонӣ ва босифат анҷом додани он дастуру супоришҳои мушаххас дод.