Аз соли 2018 то шаш моҳи соли 2021 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон 161 синфхонаи иловагӣ барои 4 ҳазору 25 ҷойи нишаст бунёд карда шудаст.

Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи мазкур Абубакр Чориев гуфт, ки  дар ноҳия имрӯзҳо тамоми шароитҳои мусоиди корӣ барои маорифчиён ва хонандагон  муҳайё гардида,  сол то сол соҳаи маорифи ноҳия рушд мекунад.

Ӯ афзуд, ки  дар ин солҳо мактабҳои нави рақами 38, 11 ва махсусан бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргар мактаби рақами 71 барои 620 хонанда дар як баст  ба истифода дода шуданд.

– Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар  27 синфхонаи иловагӣ бо наздик ба 700 ҷойи нишаст дар як баст  бо маром идома доранд, ки онҳо дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давалтии кишвар мавриди истифода қарор дода мешаванд, – илова кард ӯ.

Абубакр Чориев зикр кард, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили сипаришуда дар олимпиадаи вилоятӣ фаъолона иштирок карда, соҳиби 69 медал, аз ҷумла 20 медали тилло, 10 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 24 медал ба даст оварданд, ки аз ин 5 медали тилло 6 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ буда, нисбат ба соли 2020-ум 20 адад зиёд мебошад.

– Айни замон ҳамаи муассисаҳои таълимию томактабӣ дар ноҳияи Кӯшониён ба соли нави хониш омода мебошад, – қайд кард мудири Шӯъбаи маорифи ноҳия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь