Масъулони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён баъд аз гузориши  “Фараж” дар бораи харобии роҳҳои маҳалӣ ба таъмири ҷории роҳҳо шуруъ карданд.

Сардори Муассисаи мазкур Ҷовид Ҳакимзода иттилоъ дод, дар мувозинаи муассиса 178,4 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки роҳҳои чор ҷамоат  – Заргар, Бустонқалъа, Бохтариён ва ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомониро пурра таъмири ҷорӣ  кардаанд.

Ӯ афзуд,  ки айни замон таъмири ҷорӣ дар чор ҷамоати дигари ноҳияи Кушониён – Меҳнатобод,  Навбаҳор,  Ориён  ва Сарвати Истиқлол  идома дорад.

– Таъмири роҳҳои  маҳалӣ бо ташабусу маблағгузории  буҷети маҳаллӣ анҷом дода мешавад, зеро аз буҷети маҳал барои таъмири роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳалидошта дар соли 2023-юм 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудаст, ки 100 ҳазори он ҷудо карда шуд, – илова кард Ҷовид Ҳакимзода.

Номбурда итилоъ дод, ки рӯзҳои наздик бо дастгирии соҳибкорони ноҳия таъмири роҳҳои маҳалиро шуруъ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь