Дар ноҳияи Кӯшониён дар 8 моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 283 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 580 кас зиёд мебошад.

Сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кушониён Комилҷон Муҳиддинов дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, дар ин давра ба  Раёсат 2 ҳазору 70 нафар муроҷиат карданд, ки аз онҳо ба 1 ҳазору 978 нафараш мақоми бекор дода шуд.

Номбурда илова кард, дар 8 моҳи соли ҷорӣ 1283 нафар муроҷиаткунанда бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 580 нафар зиёд аст.

Ӯ афзуд, дар ин мудат ҳамчунин 155 нафар ба касбомузӣ ҷалб шудаанд, ки ин рақам низ нисбати соли гузашта 18 кас зиёд аст.

– Шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкориро доранд, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 24 нафаро бо маблағи 96 ҳазру 604 сомонӣ таъмин карда шуданд, -илова кард номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь