Варзишгарони ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз чемпионат ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 105 медал ба даст оварданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 медал зиёд аст.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи мазкур Шукронаи Маҳмадализода ба “Фараж” гуфт, варзишгарони ноҳия дар 7 чемпионати ҷумҳуриявӣ иштирок карда 51 медал ба даст оварданд, ки аз он 24 медали тило, 15 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ мебошад.

Ба иттилои ӯ, ҳамчунин, варзишгарон дар 8 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат карда аз он 24 медали тило, 17 медали нуқра ва 16 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Номбурада гуфт, дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Кушониён барои ба машқу тамрин фаро гирфитани варзишгарон  17 толору майдончаи варзишӣ сохта ба истфиода дода шуданд ва дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлол ду майдончаи варзишӣ ва як толори варзишӣ бунёд карда шудаанд.

– Дар ноҳияи Кушониён айни замон барои машқу тамрини ҷавонону варзишгарони  ноҳия як мактаби варзишӣ, 39 толори варзишӣ ва 69 майдончаи варзишӣ фаъолият доранд, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here