Шоми 5-уми сентябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи боғи таҷдидшудаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ки қаблан “Дӯстии халқҳо” ном дошт, иштирок кард.

Масоҳати умумии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Инчунин, дар масоҳати беш аз 2 гектар майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷойи нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд карда шудааст.

Дар боғи фароғат низ маҷмӯи тамошобинон «Симурғ», ки дорои 15 адад чархофалакҳо мебошанд, кушода шуд. Ҳамчунин реллердром, майдони яхи сунъӣ ва ғайра вуҷуд дорад.

Барои таъмини бехатарӣ, 60 адад камераи назоратӣ дар боғ насб карда шудаанд. Дар таваққуфгоҳ барои 250 мошин ҷой пешбинӣ шудааст. Амфитеатри боғ дорои 1,5 ҳазор ҷойи нишаст аст. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь