Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо пахши изҳороти навбатӣ аз афзоиши хушунат дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Дар ин изҳорот омадааст, ки ҷониби Ӯзбекистон аз тарафҳои даргир даъват мекунад, ки талафоти ғайринизомиёнро ҷилавгирӣ кунанд ва аз истифодаи нерӯ худдорӣ варзанд.

Тавре дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр шудааст, 27-уми июни соли равон як гуруҳ сарбозони неруҳои марзбонӣ ва мусаллаҳони фронти халқии Афғонистон бо теъдоди 44 нафар марзи давлатии Ӯзбекистонро дар минтақаи Шӯртепа вайрон кардаанд.

“26 июн дар ҳамин қисмати марз ҳодисаи ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шудани се намояндаи сохторҳои қудратии кишвари ҳамсоя ба қайд гирифта шуд. Ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ба ватани худ баргаштанд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Бино ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сурати чунин кӯшиши воридшавии ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон аз шеваи шадид кор гирифта мешавад.

“Ҳукумати Ӯзбекистон ба таври қатъӣ изҳор медорад, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоядории нек бо Афғонистон, бетарафӣ ва мудохила накардан ба корҳои дохилии кишвари ҳамсояро риоя мекунад”, омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь