Президенти Куриёи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл барои як қатор ҷанҷолҳои марбут ба ҳамсараш, аз ҷумла иттиҳом дар гирифтани ҷузвдони боҳашамати Dior ва тақаллуби саҳҳомӣ маъзарат хост, хабар медиҳад ВВС.

Дар сӯҳбат бо мардум аз тариқи телевизион, президент эътироф кард, ки ҳамсараш Ким Конг Ҳиро метавонист бештар худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, гуфт ӯ, симои вай аз ҳад зиёд “бад нишон дода шудааст” ва баъзе иддаоҳо “муболиға карда шудаанд”.

Вай гуфт, ки барои назорат бар вазифаҳои расмии хонуми аввал идораи махсус таъсис хоҳад дод, аммо даъватҳо барои тафтиши фаъолияти ӯро рад кард.

Дар охири соли 2023 канали «YouTube»-и Voice of Seoul видеоеро нашр кард, ки дар он нишон медиҳад, Ким аз кашиш ҷузвдони «Dior»-ро ба маблағи 3 миллион вон (тақрибан 2200 доллар) гирифтааст. Ин муомила дар моҳи сентябри соли 2022 дар дастгоҳи сабти махфӣ сабт шудааст. Юн Сок Ёл баъдан таъкид кард, ки ифшои видео “гардиши сиёсӣ” аст ва узр напурсид.

Ҳизби демократи ин кишвар президентро ба “бевиҷдонӣ” муттаҳам карда, ҳамсари ӯро ба маликаи Фаронса Марӣ Антуанетта, ки бо зиндагии боҳашаматаш маъруф буд, муқоиса кардааст. Ҳизби мухолиф низ муддати тӯлонӣ бонуи аввалро дар даст доштан дар қимати саҳҳом муттаҳам мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь