Додситонии Куриёи Ҷанубӣ хостааст, ки Ли Ҷе Ён, директори ширкати Samsung Electronics, барои тақаллуби қимати саҳмияҳо ва бо роҳи қаллобӣ як кардани ширкатҳои зертобеаш дар соли 2015 ба панҷ соли зиндон маҳкум шавад. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.
Ин парванда дар додгоҳи таҷдиди назар баррасӣ мешавад. Додситонҳо дар ибтидо моҳи ноябри соли 2023 парванда боз карда, баъд аз он ки миллиардер Ли Ҷе Ён ва 13 роҳбари собиқи Samsung аз ҷониби Додгоҳи марказии Сеул дар моҳи феврал сафед карда шуданд, шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи додситонҳо, Ли ду ширкати фаръиро як карда, аз ҳисоби саҳҳомон ва сармоягузорон барои беҳтар кардани мавқеи шахсии худ ҳамчун раҳбари воқеии конгломерати Samsung истифода кардааст.
Ли Ҷе Ён раҳбари насли сеюми Samsung Group аст. Вай моҳи октябри соли 2022 пас аз марги падараш Ли Гун Ҳи дар 25 октябри соли 2020 рањбарии ширкати «Samsung Electronics»-ро ба уҳда гирифт ва ширкатро ба бузургтарин тавлидкунандаи смартфонҳои ҷаҳон табдил дод.