Дар Куриёи Ҷанубӣ додгоҳ бори дигар ҳукми боздошти президент Юн Сок Ёлро содир кард. Дар ин бора хабаргузории Yonhap бо такя ба Идораи бозрасии мубориза бо фасод алайҳи мансабдорони баландпоя хабар додааст.

“Рӯзи 7-уми январ ҳукми ҳабс содир шуд, ки барои он Идора алайҳи гумонбаршуда (насаб) Юн дархости дуюм дод”, – омадааст дар изҳорот.

Ин идора қаблан ба додгоҳи ноҳияи ғарбии Сеул барои тамдиди эътибори ҳукми ҳабси ҷорӣ дархост пешниҳод карда буд. Ҳукми қаблии боздошт 31-уми декабр содир шуда буд. Он то 6-уми январ эътибор дошт.

Рӯзи 3-юми январ, пас аз 5 соати муқовимат бо нигаҳбонҳои Юн Сок Ёл, намояндагони гурӯҳи муштараки тафтишотӣ қароргоҳи ӯро тарк карданд. Ба гуфтаи Идораи бозрасии мубориза бо фасод, боздошт ба далели мавқеи хадамоти иктишофӣ воқеан ғайриимкон будааст. Маълум мешавад, ки нигаҳбонҳо бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буданд. Баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бори дигар ба иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар Чой Санг Мок муроҷиат карда, дархост карданд, ки ба хадамоти амниятӣ амр диҳад, то ба боздошт халал нарасонад.

Ёдовар мешавем, ки Юн Сок Ёл, раисиҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ, рӯзи 3-юми декабр дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ дар ин кишвар бо ҳадафи “аз байн бурдани нерӯҳои ҷонибдори Куриёи Шимолӣ ва ҳифзи сохти конститутсионии озод» хабар дод. Баъдтар барои ин тасмимаш аз мардум узр хост.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь