Дар Куриёи Ҷанубӣ барномае сохтанд, ки ба одамон имкон медиҳад, бо наздикони фавтидаашон тавассути пайванди видеоӣ тамос бигиранд.

Ин барнома дар намоишгоҳи электронии CES 2023 муаррифӣ шуд, ки онро ширкати куриёии DeepBrain таҳия кардааст.

Ба гуфтаи намояндагони ширкат, ин барнома Re’memory ном дошта, метавонад барои ҳар шахс клони диҷитолро эҷод кунад. Инчунин, барнома дар асоси системаи ҳуши маснуӣ кор хоҳад кард, яъне он метавонад ба таври эҷодӣ вазифаҳои гуногунро иҷро кунаду ёд гирад.

Ҳуши маснуӣ бо таҳлили аксу наворҳо қодир хоҳад буд, ки дар тӯли ҳафт соат намуди зоҳирӣ, тарзи муошират ва тембри овози инсони мавриди назарро дубора эҳё кунад.

Муаллифони барнома қайд мекунанд, ки системаи онҳо метавонад барои одамони гирифтори бемориҳои ҷиддии табобатнашаванда мувофиқ бошад. Одам бояд танҳо чанд соатро дар назди дурбин сарф кунад, то барнома хислатҳои иртиботии мунҳасир ба фарди ӯро бозсозӣ кунад.

Чанде пеш дар телевизиони Корея як бахши вижаи ин барнома муаррифӣ шуд, ки дар бораи зане бо номи Ҷанг Ҷи Сун нақл мекард, ки солҳои тӯлонӣ бо марги духтараш муросо карда наметавонад. Ба ӯ имкони сӯҳбати видеоӣ бо клони диҷитолии махсус тарҳрезишудаи духтараш дода шуд. Ин зан аз дидани дубораи лабханд ва садои духтараш хушҳолӣ кардааст.

Бисёре аз корбарони интернет ба эҷоди клонҳои маҷозии одамони фавтида вокуниши манфӣ нишон доданд, зеро ба гуфтаи онҳо, ин на танҳо барои муросо кардан бо талафот кӯмак намекунад, балки метавонад ҳолати рӯҳии шахсеро, ки дӯстдоштаашро аз даст додааст, бадтар кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь