Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар нақша доранд, дар баробари матбуоти чопӣ, соли равон риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар сомонаҳои расмии интернетӣ низ бисанҷанд.

Мудири бахши экспертизаи забоншиносии кумитаи мазкур Мавҷигул Давлатшоева дар суҳбат бо “Фараж” гуфт, соли гузашта гуруҳи корӣ вазъи иҷрои Қонун “Дар бораи забони давлатӣ”- ро дар як қатор ташкилоту муассисаҳо мавриди санҷиш қарор дод.

– Тибқи нақша соли 2018-ум дар фаъолияти 4 шабакаҳои телевизионӣ – “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Душанбе”, “Баҳористон” ва дигар рӯзномаҳои давлатию мустақил санҷиш гузаронида, маслиҳату пешниҳодҳоямонро барои ислоҳи баъзе камбудиҳо ва риоя кардани имлои забони давлатӣ ироа доштем. Камбудиҳоро дар ин самт бештар дар ҳафтаномаи “СССР” ошкор кардем. Мо, пеш аз он ки ба санҷиш равем, 41 шумораи ҳафтаномаи “СССР”-ро аз экспертизаи забоншиносӣ гузаронида мутолиа кардем. Ба сармуҳаррири нашрия ҳам мактуби расмӣ барои ислоҳи камбудиҳое, ки сар то қадам дар шумораҳои рӯзнома дида шуд, ирсол кардем, вале муттаасифона, чораҷӯӣ нашуд. Вақте ки мо ҷавоби мушаххас нагирифтем, бо ишора ба камбудиҳои ҷойдошта, барои ҳалли масъала ба Прокуратураи генералӣ мавод супоридем. Дар саҳифаҳои рӯзномаи мазкур калимаҳои кӯчагию лаҳҷавӣ ва ба забони мо бегона хеле зиёд вомехӯрад. Вақте ки қонун аст, қарор ҳаст, мо бояд онро риоя кунем. Прокуратура ҳақ дорад ҷарима кунад, – гуфт М. Давлатшоева.

Номбурда ҳамчунин гуфт, “Соли гузашта бо радиои “Ховар” ҳамкорӣ доштем. Барои риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар навиштаҷоташон пешниҳодҳо кардем. Бо сабаби он ки дар Кумита ҳамагӣ даҳ нафар корманд ҳастем, соли гузашта натавонистем, дар дигар радиову сомонаҳои интернетӣ санҷиш гузаронем. Соли 2019 дар нақша дорем, ки таваҷҷуҳро бештар ба ин самт равона созем. Тасмим дорем, барои риояи имлои қоидаҳои забони тоҷикӣ дар матлабҳои “Радиои Озодӣ” низ соли равон санҷиш гузаронем”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь