10-уми феврали соли равон дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ин кумита баргузор гардид. Раиси кумита Тоҷиддин Ҷӯразода иброз дошт, ки аз ибтидои таъсиси Кумита то ба имрӯз бо 12 кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шудааст. 

Бо мақсади таблиғи  ҷойҳои сайёҳии кишвар, Кумита дар назар дорад, ки филмофарони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла,  ширкати фимсозии Боливудро барои сабти филмҳои худ ба Тоҷикистон даъват кунад. «Аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла Хиндустан,  Туркия,  Аморати Муттаҳидаи Араб ҳавасманданд, ки  сабти  филмҳои худро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд, – иброз дошт раиси Кумита.

“Дар назар аст,  ки барои сабти филмҳои бадеиву мустанад оид ба ҷойҳои сайёҳии кишвар  гурӯҳи наворбадорон  аз  Олмон даъват карда мешаванд”, – илова кард Ҷӯразода. Дар Кумита иттилоъ доданд, ки моҳи январи  соли 2021 маҷаллаи бонуфузи Шоҳигарии Британия “The travel magazine”  дар бораи мавзеъҳои ҷаззоби сайёҳии Тоҷикистон мақола нашр кардааст, ки  аз  рӯи арзёбии он  Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаррохи сайёҳии байналмиллалӣ буда, баъзеи онҳо қобили ворид намудан ба феҳристи меросии моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошанд. Қалъаи Ямчун ва  шаҳри қадимаи Панҷакент аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.

Инчунин, дар Кумита гуфтанд, ки моҳи ноябри соли 2021 маҷаллаи Бритониё “Travel” мақолаи  “10 чизеро, ки бояд дар Тоҷикистон бубинӣ  ва ба анҷом расонӣ” ба табъ расонд, ки дар он  таъкид шудааст: “Куҳҳои Тоҷикистон яке аз  махфитарин асрори  Осиё мебошад,  ки бояд ифшо шаванд”.

Дилноза Ҳикмутуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь