Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, соли 2018 ба ҷумҳурӣ 27 955 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ворид гардидааст, ки назар ба моли 2017-ум 23 260 тонна кам аст.

Раиси ин ниҳод Камолзода Фарҳод дирӯз, 31-уми январ, дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ин бора маълумот дода гуфт, ин маҳсулот аз давлатҳои Амрико, Канада, Бразилия, Туркия, Литва, Полша, Русия, Белорус ва Украина ворид карда мешавад.

– Дар ин давра ба Тоҷикистон гӯшти говмеш, гӯсфанд ва қимаи гӯшти паранда умуман ворид нашудааст. Маҳсулоти ширӣ бошад, ба миқдори 14 145 тонна ворид карда шудааст, ки назар ба соли 2017-ум 2 117 тонна бештар аст. Тухми ғизоӣ дар ин давра 1817 тонна ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 8 111 тонна кам мебошад, – гуфт Камолзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, соли гузашта ба воридоти тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯза афзалият дода шудааст, ки мутаносибан 2 млн. 874 170 дона ва 1 млн. 492 332 сарро ташкил додааст.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории мамлакат иброз дошт, соли 2018 воридоти 42,8 тонна маҳсулоти моҳӣ ва 131,5 тонна парандаи яхкардашудаи пастсифат, ки аз гузаргоҳи гумрукии “Панҷи поён” бе иҷозатномаи кумитаи мазкур ба Тоҷикистон ворид гардида буд, манъ ва бозпас гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти кумитаи мазкур, моҳи июни соли гузашта 135 тонна гӯшти синаи мурғобии ҶДММ “Азия-12”, 66 тонна гӯшти синаи мурғобӣ ва 44 тонна гӯшти мурғи ҶДММ “Далерон”, ки аз Чин ворид шуда буданд, дар якҷоягӣ бо мақомоти гумрук боздошт карда, бо қарори суд ба фоидаи давлат мусодира кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь