Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб сохтмони манзилҳои зисте, ки дар сонеҳаи 6-уми августи соли ҷорӣ хароб шуда буданд, оғоз гардида, раиси вилоят аз рафти сохтмони онҳо дидан кард.

Чанде пеш  тибқи дастуру супоришҳои Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои шиносоӣ аз оғози рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматии 4 оила, ки хонаҳояш дар фоҷиаи нақлиётӣ валангор шуда буданд, бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб омад. Дар ин бора аз ҳукумати вилоят хабар доданд.

Гуфта шуд, раиси вилоят нахуст аз аҳволи оилаҳои зарардида пурсон шуда, ба онҳо сабру таҳаммул хост. Иброз дошт, ки ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунанд, зеро давлату ҳукумат, бахусус сарвари давлат, имрӯз ба ҳар як сокинии Тоҷикистон ғамҳорӣ зоҳир мекунанд.

Раиси вилоят ба масъулони сохтмон дастуру супориш дод, ки корҳои сохтмониро саривақт  ва босифат анҷом диҳанд, зеро, ки дар пеш фасли тирамоҳ аст.

Гуфта шуд, ки хонаҳои мазкур аз тарафи МИҲД-и вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстӣ сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар сонеҳаи рӯзи 6 август дар шаҳри Кӯлоб 12 нафар ҷон дода, 11 кас  маҷруҳ шуда, 8 мошин зарар дида, се манзили истиқоматӣ хароб шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь