Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар арафаи ҷашни Наврӯз 9 иншоот ба истифода дода мешаванд, ки аз он се ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби шаҳрдори Кӯлоб танҳо дар соли 2022 бунёди 9 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дар шаҳр ба нақша гирифта шуданд, ки аз он ду ададаш бо ташкили 16 ҷойи нави корӣ аст.
Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик, яъне пеш аз иди Наврӯз, се коргоҳу корхонаи саноатии дигар ба истифода дода мешавад, ки дар он беш аз 30 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз 51 корхонаи саноатии шаҳр 29 корхона ҳаҷми маҳсулотро зиёд карда, дар маҷмуъ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 50,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,2 млн сомонӣ зиёд буда, рушди соҳа 161 дарсадро ташкил медиҳад.