Дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон ба 125 оилаи эҳтиёҷманд 0,05 га замни наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист медиҳанд.

Аз бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2011, №511  майдони 32 гектар замини кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба фонди замини наздиҳавлигӣ гузаронида шуд.

Тибқи иттилоъ дар марҳилаи аввал дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи деҳаи Мирнишин ба 150 эҳтиёҷманд ба майдони 0,05 га замини наздиҳавлигӣ  муайян гардидааст.

Бояд зикр кард, ки  заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси аризаҳои пешниҳодкардаи сокинон ба аҳолӣ тақсим карда шуда, дар наздикатарин фурсат тақсимоти он дар деҳаи мазкур оғоз мегардад.

Гуфта шуд, ки дар баробари ҷудо гардидани қитъаҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар деҳаи Мирнишини ҷамоати деҳоти Даҳана  корҳои ободониву созандагӣ ва азнавсозии роҳҳо бо маром идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь