Ба ронанандагоне, ки бар асари сонеҳаи шоми 6 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб худравҳояшон хароб шуда буданд, мошинҳои нав ва ба оилаҳое, ки надзиконашон фавтида буданд, 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дода шуд.
Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба “Фараж” хабар дод, ҳамаи ин бо дастгирии роҳбари кишвар амалӣ шудааст ва низ манзилҳои зисти харобшуда дубора барқарор карда мешаванд.
Ҳамчунин аз ҳукумати вилояти Хатлон итилоъ доданд, ки бо супориши Президенти кишвар аз ҷониби ҳукумати вилоят ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои зарардида беш аз 185 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ ва барои бунёди манзилҳои зист 100 ҳазор сомонӣ дода шудааст.
Бояд гуфт, ки ба асари сонеҳаи 6 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 10 кас кушта, 11 каси дигар захмӣ шуданд ва 3 манзили истиқоматӣ хароб гашт.