Дар рӯзи таҷлили  Наврӯз бо ибтикори ҳукумати шаҳри Кӯлоб туйи арӯсии 35 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 230 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд барпо карда шуд.

Сухангӯии ҳукумати шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки ин инқдом ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби шахсони ҳимматбаланд ва ватандӯсти шаҳр  роҳандозӣ гардид.

Гуфта шуд, ки тӯйи арӯсии ин ҷавонони хуштолеъ идомаи дастгирии оилаҳои ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо буда, ин амали шоиста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сурат гирифта, минбаъд низ идома мекунад.

Ба ин оилаҳо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор ва маблағҳои пулӣ супорида шуд. Дар ин радиф аз  масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндаи ҳукумати кишвар ва вилояти Хатлон ба  оилаҳои навхонадорон дар вазъияти тантанавӣ  шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь