Деҳаи хурдакаки Роғи ноҳияи Мастчоҳ  300 км дур аз шаҳри Душанбе воқеъ буда, баъди  дувоздаҳ соат роҳи душворгузарро тай кардан, метавон ба он ҷо расид. Ин деҳа дар қалби кӯҳҳои осмонбӯс ва саҳрои васеъ макон дошта, аз маркази худи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 84км дур аст ва роҳи панҷсоатаро талаб мекунад. Хонаҳои гилию пастакак, деворчаҳои сангин, “таппак”-ҳои аҷоиби ба деворҳо задашуда, роҳҳои каҷу килеб, дарёи беғубори аз миёни деҳ ҷорӣ, вале мардуми оддию содаи дар танашон либосҳои аз ҳашамат орӣ, басе меҳмондӯсту чеҳрахандон, ки ҳар меҳмони ба деҳашон қадамниҳодаро ба тарзи хос пешвоз мегиранд, метавонанд, боиси тааҷҷуб гарданд.

Вақте ба ин деҳ ворид мешавед, худро дар олами афсонавӣ ва ё давраҳои асри гузашта тасаввур мекунед. Бо муқоиса аз дигар мавзеъҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе, ки тобистони гарм ҳукмфармо буда, меваҳо кайҳо пухтаву ҳатто тамом шудаанд, дар ин ноҳия, хусусан дар деҳаи Роғ, гӯё баҳор ҳукмфармост ва меваҳо ҳоло дар ҳолати ғӯрагианду дашту саҳро либоси ба моҳи март хосро ба бар доранд. Мардум асосан бо картошкапарварӣ машғуланд. Ба сабаби иқлими сард доштани ноҳия, ки  қариб 6 моҳашро зимистон ташкил медиҳад ва тобистонаш низ салқин аст, дар ин ҷо дигар намуди маҳсулот намерӯянд ва ҳатто меваҳо намепазанд. 40 дарсади таъминоти картошкаи кишвар бошад аз ин ноҳия аст. Вале картошкаҳо акнун дар ҳолати шукуфоӣ қарор доранд. Шумораи аҳолии деҳаи Роғ 1422 нафар буда, 715 нафарро занҳо ва 707 нафари дигарро мардҳо ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин зебоиву дилрабоӣ деҳи мазкур  аз чанд ҷиҳат камбудиҳо дорад.

Яке аз чунин муааммоҳо норасоии қувваи барқ аст. Ба ин деҳаи дурдаст то имрӯз хатти қувваи барқ нарасидааст ва аҳли деҳ аз норасоии қувваи барқ, ки  имрӯз мардум наметавонанд корҳои худро бидуни он анҷом диҳанд, танқисӣ мекашанд. Аммо мардони кордони деҳ барои таъмини худ Нерӯгоҳҳои барқи обии хурдакак сохтаанд, вале он ҳам танҳо соли 1990.  Яъне, то ин сол дар ин деҳ тамоман қувваи барқ вуҷуд надошт.

“Дар давраи Шӯравӣ мо умуман қувваи барқ надоштем. Ҳоло ҳам аз сабаби зиёд будани мардум барқ камбуд аст. Ин нерӯгоҳҳои хурд ҳам наметавонанд ба эҳтиёҷоти мардум  ҷавобгӯ бошанд. Дар ин ҷо танҳо 150Вт ва ё 100Вт қувваи барқ истеҳсол мешаваду тамом. Мо инро аз ҳисоби халқ сохтаем. Дар айни замон аз 300 хоҷагии деҳ танҳо 95 хоҷагӣ аз ин истифода мекунанд, аммо баъзе хоҷагиҳо нерӯгоҳчаҳои хурди шахсӣ доранд. Дар умум дар деҳ 5 нерӯгоҳи хурди обӣ, аз ҷумла ду нерӯгоҳи ҷамъиятӣ ва 3 нерӯгоҳи шахсӣ, мавҷуданд. Аз қувваи барқи дар ин нерӯгоҳи хурд  истеҳсолшаванда фақат телевизор ва лампаҳои фурӯзонкунак кор мекунанду халос. Аз сари ҳар як лампа 50 дирам ҳаққи барқ гирифта мешавад. Дигар ягон асбобро истифода бурдан мумкин нест. Яъне, қувваи барқи ин нерӯгоҳ иқтидори аз ин зиёдро доро нест. Дар зимистон барои мо боз муаммо эҷод мешавад ва миқдори барқ аз ҳозира ҳам камтар мешавад”,  –  мегӯяд Ҳоҷиев Исмоил Сафарович, ки истиқоматкунандаи деҳи мазкур буда, 7 сол инҷониб директори Нерӯгоҳи барқии хурди обӣ аст.

Ду сол пеш, яъне соли 2019 ба кумаки мардуми ин деҳ Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон расид, ки бо дастгирии сафорати Амрико ташкил шудааст. Ин ташкилот дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар чор мавзеъ панелҳои офтобӣ насб кард, ки дутои он дар ҳамин деҳа воқеъ аст.  Яке аз онҳо дар коргоҳи дӯзандагӣ насб гардида, бо воситаи қувваи барқи аз ин панелҳои офтобӣ истеҳсолшаванда занҳо мошинаҳои дарздӯзиро ба кор меандозанд ва обгармкунакҳоро барои шустушӯ истифода мекунанд. Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ духтарон ва занҳои хонанишинро ҳунар меомӯзанд ва онҳо метавонанд ба ин восита эҳтиёҷоти либоси занонаро қадре ҳам бошад аз байн баранд. Дар аввал танҳо ду мошини дарздӯзӣ доштанд ва соли гузашта Ҷаноби Олӣ 10 мошинаи дигарро  ба ин коргоҳ тӯҳфа намуд. Аммо аз набудани барқ танҳо як  ду мошина кор мекарду тамом. Баъди насби панелҳои офтобӣ бошад ҳамаи мошинаҳо бемалол кор мекунанд ва барои ҳунаромӯзон имконияти васеътар фароҳам оварда шудааст.

Мавзеи дигаре, ки  панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, Маркази саломатии деҳаи Роғ аст, ки ба 13 деҳа хизмат мерасонад. Дар ин марказ 5 духтури оилавӣ ва   2 духтури амрози занона кор мекунанд. Аз рӯи гуфтаҳои директори маркази саломатии мазкур Ғафуров Қаюм Ҳакимович пештар онҳо аз набудани қувваи барқ ва ё  оби гарм танқисӣ мекашиданд ва агар беморон шабонгоҳ ба беморхона оварда шаванд, хуб хизмат расонида наметавонистанд. Вале  баъди насби панелҳои офтобӣ  ҳамеша барқи доимӣ ва оби гарм мавҷуд аст.

Аз чунин панелҳои офтобӣ дар ду деҳаи дигари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  низ насб гардидаанд.  Яке дар мактаб-интернати деҳаи Меҳрон ва дигаре дар коргоҳи дӯзандагии деҳаи Пакшиф.

Истифодаи панелҳои офтобӣ дар мавзеъҳои ба ин монанд, ки ҳоло хати қувваи барқ умуман нарафтааст, басо мувофиқ ва қулай буда, истифодабарандагонаш метавонанд ҳам бо барқ ба андозаи кофӣ таъмин бошанд ва ҳам аз супоридани маблағи қувваи барқ озод.

Шоира Мадалиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь