Субҳи имрӯз дар боғчаи рақами дуи шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Хушбахтона, дар ин сӯхтор ягон нафар осеб надидааст.
Барои хомӯш кардани сӯхтори ин муассисаи томактабӣ 9 мошини сухторхомушкунӣ сафарбар карда шудаанд. Дар ин бора аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Омилҳои сар задани сӯхтор ва хисорот муайян карда мешаванд.
Блоки рекламавӣ