Ҳамлавари дастаи “Ювентус”-и Италия Криштиану Роналду ба дастааш хабар додааст, ки пас аз ба коронавирус мубтало шудани ҳамдастааш Даниел Руганӣ ӯ дар қарантин қарор дорад ва феълан ба бошгоҳ барнамегардад.

Дар ин бора рӯзноманигори beIN Sports  Танкредӣ Палмерӣ дар саҳифаи твитерияш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Роналду ҳоло дар манзилаш дар Мадейра (минтақаи мухтори Португалия) қарор дорад ва гуфтааст, ки то 14 рӯзи дигар он ҷо хоҳад монд. Ӯ ба дидорбинии модараш, ки чанде пеш ба сактаи мағзӣ гирифтор ва бистарӣ шуда буд, ба зодгоҳаш рафтааст.

Вебгоҳи бошгоҳи “Ювентус” чанде рӯз қабл аз гирифтории ҳимоятгари даста Даниел Руганӣ ба коронавирус хабар дод ва гуфт, аҳволи ҳамаи нафароне, ки бо ӯ дар даста буданд, санҷида мешавад.

Дар пайи чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамчунин, бозии ҷавобии дастаҳои “Ювентус” ва “Лион” дар даври 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо ба вақти номуайян гузошта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь