Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар Тошканд як ғалабаву як мусовӣ карда, бо Ӯзбекистон имтиёзҳои баробар ба даст овард, аммо ба даври финалӣ роҳ наёфт.

Рӯзи сешанбе дар қитъаи Осиё бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонони то 23-сола ҷамъбаст шуд. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи ”F”-и мусобиқот буд, дар бозии аввал дастаи Ҳиндустонро бо натиҷаи 2:0 шикат дод ва бозии охирини худро бо дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон бо ҳисоби 0-0 мусовӣ кард. Дастаи Ӯзбекистон, ки дар бозӣ бо Ҳиндустон бо натиҷаи бузургтар (3:0) пирӯз омада буд, дар ҷадвал якум шуд. Ба ҳар ҳол, шогирдони Усмон Тошев бо ба даст овардани 4 имтиёз яке аз муддаиёни баромадан ба даври финалӣ буданд, вале дастаҳои мунтахаби олимпии гурӯҳҳои дигар низ бозии даври охири худро мусовӣ карданд. Дар 11 гурӯҳи марҳиллаи интихобӣ 7 дастаи ҷойи дуюм соҳиби имтиёз шуданд. Бо далели баробар будани нишондодҳо Конфедератсияи футболи Осиё аз меъёри таснифоти интизомӣ кор гирифт. Дастаи Тоҷикистон, ки дар бозиҳо бар муқобили Ҳиндустон ва Ӯзбекистон 6 корти зард гирифта буд, аз рӯи ин нишондод аз дастаҳои мунтахаби олимпии Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ, ки мутаносибан 2 ва 3-тои кортҳои зард доштанд, қафо монд. Ин меъёр боис бар он шуд, ки мо дар феҳристи дастаҳои ҷойи дуюм пас аз Австралия, Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ дар зинаи 5-ум қарор гирем. Ҳамин тавр дастаи мунтахаби олимпичиёни кишвар аз роҳхати Чемпионати футболи Осиё байни ҷавонони то 23 сола маҳрум шуданд.

Ҳамин тавр, ҳамаи дастаҳои иштирокчии даври финалии Чемпионати Осиё-2020 байни 23-солаҳо, ки аз 6 то 26-уми январ дар Тайланд баргузор мешавад, маълум шуданд. Ғолибони гуруҳҳо – гуруҳи A: Қатар; гуруҳи B: Баҳрайн; гуруҳи С: Ироқ; гуруҳи D: Аморати Араб; гуруҳи E: Урдун; гуруҳи F: Ӯзбекистон; гуруҳи G: ҶХД Корея; гуруҳи H: Кореяи Ҷанубӣ; гуруҳи I: Ҷопон; гуруҳи J: Чин; гуруҳи K: Вйетнам. Аз ҷойи дуюм дастаҳои Австралия, Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ баромаданд. Се дастаи беҳтарин дар Тайланд соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь