Раёсати корҳои дохилии вилояти Хоразми Ӯзбекистон аз сокини маҳаллӣ, мулло Абдуҳамид Отаҷонов, ки навори ишқварзиаш дар Интернет нашр шуд, расман узр пурсид. Кормандони полисе, ки ин наворро дар Интернет нашр карда буданд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Видеои ишқварзии мулло бо як духтари ҷавон 18-уми август ба интернет роҳ ёфт. Дар навор дида мешавад, мулло ҳамроҳ бо як духтари ҷавон урён аст ва кормандони полис ногаҳон дурбин дар даст вориди хонаи ӯ шуда, онҳоро бозпурсӣ мекунанд.
Отаҷонов гуфт, ки ин навор 6 сол пеш сабт шудааст. «Ман ҳамсар надорам, ба ин хотир ҷинояте содир накардаам. Ман бо зане дар манзили худам хоб будам, магар ин манъ аст? Ин зан худаш ба манзилам омадааст, ман ӯро иҷборан наовардаам. Ӯ ба манзили ман омаду гуфт: “Шумо ҳамсар надоред. Ман либосатонро мешӯям, дасту бозуятонро маcҳ мекунам. Баъд миёни мо робитаи ҷинсӣ барқарор шуд, аммо ғайриинтизор ба манзили ман кормандони полис даромаданд. Навори шаш соли пешро дар интернет акнун нашр кардаанд”, – гуфтааст мулло.
Бархе аз сокинони шаҳри Урганҷи Хоразм ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ба назди Отаҷонов барои дуохонӣ рафта буданд, вале озору азияти ҷинсӣ диданд. Отаҷонов ин иддаоҳоро рад кардааст.