Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшиданӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ба кор шуруъ кард.

Корхона аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳсол кунад. Он бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард. Ба иттилои масъулин, технологияи насбшудаи корхонаи мазкур истеҳсоли ширкати маъруфи «Сидел»-и Фаронса буда,  он дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ фаъолият мекунад. Муҷаҳҳазсозии корхонаи «Сиёма»-ро мутахассисон аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Италия, Полша, Чехия, Русия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом дода, технологияи «Сидел» пурра ба таври автоматӣ фаъолият мекунад.

Хати технологии истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ аз давлатҳои Аврупо, бахусус аз ширкатҳои машҳури “Altec”-и Чехия ва “STM”-и Полша, инчунин аз “ЗавКом Инжиниринг”-и Федератсияи Россия фармоиш дода шуда, пурра васлу насб карда шудааст. Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти аълосифат лабораторияи муосир бо   таҷҳизоти замонавӣ, бахусус муайянкунандаи зичии дараҷаи машрубот аз ширкати австриягӣ  таъмин гардидааст, ки дар айни замон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ қиёс надорад.  Машруботи дар ин корхона истеҳсолшаванда асосан барои содирот пешбинӣ шудаанд.

Дар айни замон  100 нафар дар корхонаи нав соҳиби ҷои кор гардида,  ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона 160 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Ҳамчунин 25 мутахассиси хориҷии дигар барои омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳудуди корхона 1,4 гектар заминро дар бар гирифта, масоҳати бинои сохташуда 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои  мазкур бо санъати муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар сохтмони он  зиёда аз 100 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гаштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь