Ҳабдаҳ истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти нассоҷии Осиёи Марказӣ – CAITME 2022 боздид ба амал меоранд, ки имрӯз, 7-уми сентябр, дар шаҳри Тошканд оғоз шуд. Намоишгоҳ, ки то 9-уми сентябр идома мекунад, барои вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ имконият фароҳам меорад.

Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои зерин иборат аст: Лиман, Саидиён, Сифат Саноат, Тоҷтекс, Зебо (ҳама аз Душанбе), Иззат, Лидер, Ортекс, Раҳимов А.А, Раҳматов, Сапсан (ҳама аз Хуҷанд), КОТА Глобал (Бохтар), Ноҳид (Истаравшан), Ботур (Конибодом), Само и К (Фархор), Мафтуна (Ваҳдат), ва Сафия (Турсунзода). Иштироки намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ таъмин шудааст.

Ҳамасола, намоишгоҳи CAITME беш аз 100 ширкат аз даҳҳо кишварро гирди ҳам меорад. Дар намоишгоҳ таҷҳизоти замонавии соҳаи нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад. Ин чорабинӣ навтарин ва пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаро ба маърази тамошо гузошта, барои шиносоӣ ва робита пайдо кардан бо тасмимгирандагони калидӣ ва коршиносони соҳа ва омӯзиши тамоюлот, равандҳо ва масъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар семинару ҳамоишҳое, ки дар ҳошияи намоишгоҳ баргузор мегарданд, имконият фароҳам месозад.

Саидмӯъмин Камолов, роҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон мутмаин аст, ки навгониҳои технологӣ калиди муваффақияти саноати нассоҷиву дӯзандагӣ ба шумор мераванд. Ӯ мегӯяд:  “Мо аз ин имконияти нодир ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави истеҳсол ва коркарди маҳсулот, пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориву сармоягузорӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсоли ришта, матоъ, рангубор ва дӯзандагӣ хушҳолем. Ин намоишгоҳ ҳамчунин ба ҳайси макони муҳимме барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав хидмат мекунад”.

Соҳибкорони Тоҷикистон бо фанновариҳои навини соҳа, таҷҳизоти замонавӣ, раванду тамоюлоти нави технологӣ дар соҳа шинос шуда, бо истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ бевосита дар намоишгоҳ вомехӯранд ва эҳтимол аст, шартномаву созишномаҳо ба имзо расонанд. Соли гузашта, ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои воридоти таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, матоъ ва фурнитура ба маблағи 1,7 миллион доллари ИМА баргаштанд.

Аминҷон Раҳматов, корхонаи “Раҳматов”: “МТБ ва GIZ соли гузашта ба иштироки мо дар ин намоишгоҳ мусоидат карданд ва мо дар он ҷо таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, матоъ ва фурнитура харидорӣ кардем.Имсол ба Тошканд бо омодагии бештар меравем ва метавонем, робитаҳои мустақим барқарор кунем, ҳамкориҳоро ба роҳ монем ва бозори харидории маводи хомро гуногун созем”.

Иловатан, ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳри Тошканд, фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои маводи хом ва таҷҳизот дидан мекунад.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад. Ин гуна сафарҳои корӣ барои гуногунсозии бозори содирот низ муҳимманд.

Боздид аз Тошканд ибтикори муштараки МТБ ва GIZ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER аз Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH-ро муштаракан Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мекунанд. Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад ва ҳадафаш пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва фароҳам овардани шароит барои дарёфти имкониятҳои даромад ва ҷойи кор дар тамоми занҷираи арзиш мебошад. Сафари мазкурро ширкатҳои машваратии “ACT Development” (Душанбе) ва “Business Consulting Group” (Хуҷанд) танзим карданд ва ҳайати кишварро роҳбарӣ ва роҳбаладӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here