Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, ду ноболиғ бо ҳам даъво кардаанд ва яке дигареро бо корд захмӣ кардааст. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳуввияти ин ноболиғонро ошкор накардааст, аммо таъкид кардааст, ки онҳо ҳамагӣ 15-сола будаанд.

Манбаъ ин ҳодисаро пурра шарҳ надодааст, аммо навиштааст, ки рӯзи 26-уми ноябри соли 2019, тахминан 16:30, ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 9-уми мактаби хусусӣ, дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд бо ноболиғ, писарбачаи ҳамсоли худ вохӯрда, бо дахвову муноқиша кардааст. Дар рафти ин ҷанҷол яке дигареро бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь