Иқдом бо номи PACT Act, президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трампро водор мекунад, ки нисбати шахсони дар амалиёти низомии Анкара дастдошта маҳдудият ҷорӣ кунад.
Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА рӯзи сешанбе як бастаи таҳримҳоро алайҳи Туркия ва бахши молиявии он дар робита бо амалиёти низомии Анкара дар шимолу шарқи Сурия ва хариди системаҳои зиддимушакии русии С-400 тасдиқ кард. Намоиши овоздиҳӣ тариқӣ вебгоҳи палатаи поёнии қонунгузории Амрико пахш карда шуд.
Ин иқдом PACT Act номида мешавад. Ин ихтисорот аз Protect Against Conflict by Turkey Act (Санади муҳофизати низоъҳои Туркия) гирифта шудааст.
Он президенти ИМА Доналд Трампро водор мекунад, ки нисбати афроде, ки дар амалиёти низомӣ дар Сурия иштирок мекунанд, алахусус ба вазири мудофиаи миллӣ Ҳулуси Акар, маҳдудиятҳо ҷорӣ кунад, Илова бар ин, дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки маъмурияти Вашингтон тибқи қонуни CAATSA (“Дар бораи муқобилият ба рақибони Амрико тавассути таҳримҳо”) талаб мекунад, ки маҳдудиятҳо дар робита бо хариди системаҳои зиддимушакии С-400 аз ҷониби Анкара ҷорӣ карда шаванд. Лоиҳаи қонунро раиси Кумитаи корҳои хориҷии Палатаи Аврупо Элиот Энгел таҳия кардааст.