Сафорати Амрико дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе Конфронси грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия баргузор кард. Конфронси мазкур рӯзҳои 25-26-уми октябр баргузор гардид. Рӯзи аввали конфронс ташкилотҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳои худро, ки соли гузашта аз ҷониби сафорати Амрико дар Тоҷикистон грант гирифта буданд, ба иштироккунандагон муаррифӣ карданд.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Поммершайм дар рӯзи аввали конфронс иштирок кард. Инчунин, дар конфронс сардори раёсати робита бо ҷомеа дар Тоҷикистон Даррен Тис баромад кард.

Рузи дувуми конфронс беш аз 13 ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бораи лоиҳаҳои худ презентатсия намуданд.

Мақсади ташкили конфронс, ин муайян намудани самтҳои баъдинаи грантҳо, шинос намудани ташкилотҳо бо дигар лоиҳаҳои амалишуда ва эълон намудани санаи нави қабули лоиҳаҳо гуфта мешавад. Шумораи иштирокчиён дар конфронс зиёда аз 40 нафарро ташкил менамуд.

Тӯли 20 соли охир сафорати Амрико дар доираи лоиҳаи Грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия, ба Тоҷикистон беш аз 450 грант ба ташкилотҳои ҷамъияти додааст. Ин лоиҳаҳо дар соҳаҳои “Рушди ВАО”, “Тавонмандсозии занон”, “Ҳуқуқи инсон”, “Ҳифзи муҳити зист” ва “Мубориза бо ифротгароии хушунатомез” фаъолият доранд.

“Барои иҷрои ин лоиҳаҳо ҳукумати Амрико ба ҳаҷми 7 миллион доллар маблағ ҷудо кард”, – мегӯяд Даррен Тис.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь