Президенти Колумбия Густаво Петро фармонеро имзо кард, ки интиқоли ангишт ба Исроил ба далели амалиёти артиши Исроил дар навори Ғазза боздошта мешавад.

“Ангишти Колумбия барои сохтани бомбаҳое истифода мешавад, ки кӯдакони фаластиниро мекушанд”, гуфт Петро дар шабакаи иҷтимоӣ X. Бино ба иттилои Bloomberg, санади дахлдор аз 14-уми август дар вебсайти ҳукумати ин ҷумҳурии Амрикои Ҷанубӣ нашр шудааст.

Колумбия бузургтарин таъминкунандаи ангишти Исроил аст. Ичунин, шашумин бузургтарин содиркунандаи ангишти баҳрӣ дар ҷаҳон ва дуюмин калонтарин дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад. Дар соли 2023 ин кишвар ба Исроил ба маблағи тақрибан 450 миллион доллар сӯзишворӣ фурӯхтааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ Колумбия муносибатҳои дипломатиро бо Исроил қатъ кард. Раисиҷумҳури Колумбия аз оғози ҷанги Ғазза борҳо таъкид кардааст, ки Исроил даст ба наслкушӣ мезанад ва аз ҷаҳониён хостааст, ба аъмоли Нетаняҳу хотима диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь